ЛЕКСИЯИ КУШОДА БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ЧОРУМ
26 сентябри соли 2026 дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён, таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо марказҳои илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар раванди таълим лексияи кушода баргузор гардид.
Лексияи мазкур барои донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисосҳои омори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат баргузор шуда, онро ходими пешбари илмии шуъбаи татбиқи натиҷаи таҳқиқотҳои илмии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Маъдиев Саъдихоҷа баргузор намуд.
Зимни лексия масъалаҳои муҳимми марбут ба иқтисодиёт, омор, истифодаи маълумоти оморӣ дар таҳлилҳои иқтисодӣ ва нақши донишҳои муосири оморӣ дар қабули қарорҳои асоснок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯён оид ба аҳаммияти таҳлил ва коркарди маълумоти оморӣ, истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар фаъолияти амалӣ маълумоти муфид пешниҳод карда шуд.















