КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

22 сентябри соли 2026 дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар доираи баргузории ҳафтаи Рӯдакихонӣ, бахшида ба 1168-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо ташаббуси кафедраи «Забонҳо» семинари илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ поягузори адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикӣ, эҳтиром ба забони тоҷикӣ, тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, рушди завқи китобхонӣ ва шинос намудани насли ҷавон бо осори безаволи фарзандони барӯманди миллат мебошад.

Семинарро муовини директор оид ба таълим Саидов Беҳрӯз Муминович бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳаммияти омӯзиши осори устод Рӯдакӣ ва нақши адабиёти классикӣ дар тарбияи маънавии ҷавононро таъкид намуданд. Дар идомаи семинар донишҷӯён аз ашъори гаронбаҳои шоири ширинкалом Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд.

Сипас, мудири кафедраи «Забонҳо»-и муассиса Пулодзода Шаҳром дар мавзӯи «Рӯдакӣ - посдори шеъри тоҷикӣ-форсӣ » бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, аз мақоми устод Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, арзиши баланди осори ӯ ва нақши шоир дар рушди забону фарҳанги миллӣ суханронӣ намуд.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои бузурги фарҳангу адабиёти тоҷик бо осори ҷовидонаи худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми мондагор дорад. Каломи ӯ асрҳоро тай намуда, имрӯз низ барои тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии насли наврасу ҷавон сарчашмаи арзишманд ба шумор меравад.

Сана: 2026-09-22     Хонданд: 482

ҲАМКОРИҲО