КОЛЛЕҶИ ОМОРИ ШАҲРИ ВАҲДАТ  



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео

Тероризм ва экстремизм –зуҳуроти номатлуби замони муосир.

Вожаи “террор” ё “тероризм” , ки имрӯз дар васоити ахбори умум хеле зиёд вомехӯрад , аслан маънои куштор , даҳшатафканӣ, даҳшатовариро дорад.

Ин зуҳуроти номатлуби даҳшатовар таърихи тӯлони дошта, то ин сатҳ доман густурдани он, албатта таҳқиқу таҳқиқоти сиёсиву ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо мекунад. Коршиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоишу рушди тероризмро ҳамаҷониба омӯзанд, зеро чунин зуҳуроти тоқатшикану даҳшатзо имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар шарқи мусулмонӣ ва ҳатто дар Аврупою Амрико ҳам парчами исломро баланд бардошта зери шиори “давлати исломӣ бунёд мекунем”, ба куштору даҳшатофарӣ машғул мешаванд.

Вале ҳамон навъе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат;Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки “терорист мазҳаб, миллат, ватан надорад”. Ва дар асл ҳам дар китоби ягон дин, хусусан дини ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоки худ худкушӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагонро беҷон намояд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок медонанд.

Пас суоле ба миён меояд, ки террористҳои маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд?

Ҳаводиси нангину марговари террористии мамолики шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозад, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону муттафакирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалҳои номатлуби дунёбезоронро ҳарчӣ зудтар дарёфт намоянд,

Дар акси ҳол , терроризму экстремизм, шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад. Минтақа ва ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми мазҳабӣ руз дар миён дар қалби исломи сиёси даргир мешаванд. Мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман мардуми минтақаҳои гуногуни олам саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигиранд.

Аммо чунон ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз дар қалбҳои нав муташшаниҷтар мегардад.Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунат барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳад монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

Мо аҳли маориф ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, экстремизм ва терроризмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ ва сармашқи кори худ менамоем.

Файзиддин Шарипов-декани факултети “Молия, бонк ва ташкили истеҳсолот дар иқтисодиёт”-и МДТ Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат.

Сана: 2026-02-09     Хонданд: 786

ҲАМКОРИҲО